Сафорати Тоҷикистон дар Маскав паёми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо доир намудани як нишаст таҳлилу баррасӣ кард.
Дар нишаст кормандони намояндагиҳои расмии мақомоти Тоҷикистон дар Маскав, кормандони сафорат ва ВАО ширкат доштанд.
Сафири Тоҷикистон дар Маскав Абдулмаҷид Достиев аҳамияти паём ва роҳҳову тартиби тадбиқи онро дар ҳаёт қайд намуда, аз ҷумла гуфт, «метавон паёми президентро дурнамои фаъолияти сохторҳои ҳукумат ва зиндагии мардум номид».
«Агар ҳар паёми солонаи президентро дақиқан таҳлил намоем, мебинем, ки он сол аз сол фарохтару комилтар гашта, бо фарогирии ҳарчӣ бештари масоили ҷомеа таҳия мегардад. Ин паём танҳо ба Маҷлиси Олӣ набуда, паёмест ба тамоми ҷомеаи Тоҷикистон ва ҳамчунин соири кишварҳои дунё»,-афзуд номбурда.
Ҳамчунин сардори маркази матуботи сафорати Тоҷикистон дар Маскав Мурод Бурибоев, сардори намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав Асрор Одинаев низ оид ба нуктаҳои пайми райисҷумҳур ибрози андеша карданд.
Дар охир сафири Тоҷикистон дар Маскав Абдулмаҷид Достиев аз ҳозирин хоҳиш намуд, муддати 1 ҳафта барои муайян намудани роҳҳои амалан тадбиқ намудани паёми президент дар ҳаёт таклифу пешниҳодҳояшонро ба сафорат манзур намоянд.
Мӯҳр