Имсол аз ҷониби бонкҳои кишвар беш аз 140 миллион сомонӣ қарзҳои хӯрд ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дода шудааст.
Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,6 фоиз зиёд аст. Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон сабаби афзоиш ёфтани қарзҳои хӯрди додашударо ба зиёдшавии талабот ба ин намуди қарзҳои бонкӣ унвон карданд: «Дарёфт ва ҷалби маблағҳои озод, пешниҳоди саривақтии қарзҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба соҳибкории хурду миёна ва табақаҳои гуногуни ҷомеа, дар рушди бахши корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши муассир дорад».
Бино ба иттилои манбаъ, бақияи қарзҳо то охири семоҳаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,4 дар сад афзуда, нишондиҳандаи мазкур то санаи 1-уми апрели соли равон бо пули миллӣ 1825,0 миллион сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ 2511,8 миллион сомониро ташкил додааст.
Мӯҳр