Як рӯзномаи амрикоӣ ба нақл аз бархе таҳлилгарон эътироф кард, ки таҳримҳои зидди эронӣ ба ҳадафи худ, яъне тағири рафтори ҳастаии Эрон даст наёфтаанд.
Ба навиштаи рӯзномаи амрикоии «USA todey», Эрон алорағми таҳримҳои байналмиллалӣ дар ҳоли ёфтани роҳҳое барои давр задани таҳримҳое аст, ки қасд доранд Эронро маҷбур ба тарки барномаи ҳастаии худ кунанд.
Ин рӯзномаи амрикоӣ иддао карда, ки ин кор дар ҳоле анҷом мешавад, ки таҳримҳо тавонистааст фишорҳоеро ба мардуми Эрон ворид созад.
Кенес Катезман, коршиноси умури Ховари Миёна дар сервиси таҳқиқотии Конгреси Амрико бар ин бовар аст, ки таҳримҳо бар зидди Эрон асар гузоштаанд, аммо суол ин ҷост, ки оё таъсирҳо ба ҳадде будааст, ки Эрон амалкарди худро тағир диҳад ё на?
Бархе таҳлилгарон бар ин ақидаанд, ки алорағми коҳиши содироти нефти Эрон ва афзоиши таваррум дар ин кишвар, таҳримҳо таъсири мадди назарро бар Эрон надоштаанд. Иёлати Муттаҳида муддаӣ аст, ки Эрон ба дунболи сохти силоҳи ҳастаӣ аст.
Масеҳ Зариф, мудири гурӯҳи Эрон дар барномаи «Таҳдидҳои бӯҳронӣ»-и муссисаи Арикан интерпрайз мегӯяд, ки ҳеҷ нишонае аз ин вуҷуд надорад, ки таҳримҳо раҳбарони Эронро ба бозандешӣ дар хусуси барномаи ҳастаии ин кишвар водошта бошанд. Ба қавли вай танҳо амре, ки мумкин аст мунҷар ба тағири рафтори Эрон шавад, хатарест, ки таҳдиде барои бақои низоми сиёсии Эрон бошад.
Таҳдидҳои ҷоришуда аз сӯи ИМА бар зидди Эрон ширкатҳои амрикоиро аз муомила ва тиҷорат бо Эрон манъ мекунанд ва Иттиҳодияи Аврупо низ тиҷорат, хадамоти молӣ ва касбу кори тиҷорӣ бо Эронро маҳдуд сохтааст. Таҳримҳо бар тавоноии кишварҳо барои пардохти пули нефти Эрон асари манфӣ дорад. Бо ин ҳол кишварҳое чун Ҳиндустон ва Чин дар ҳоли давр задани таҳримҳои мазкур ҳастанд.
Мӯҳр