Шаби 30-юми апрел дар шаҳри Димишқ бинои Бонки марказии Сурия ҳадафи тири гранатомет қарор гирифт.
Ба иттилои хабаргузории Рейтерс дар пайи ин ҳодиса касе ба ҳалокат нарасидааст. Ҳамчунин дар ин сана афроди номаълум ба кормандони пулис ҳамла бурда, чор тани онҳоро захмӣ кардаанд. Мақомоти Сурия ин амалро кори «гурӯҳҳои террористӣ» медонанд. Телевизиони давлатии Сурия гуфтааст, нерӯҳои амниятӣ маълумоти кофиро дар мавриди террористони ба пулис ҳамлабурда дар ихтиёр дорад. Расонаҳо менависанд, ки шаби гузашта ҳамчунин дар Димишқ чанд таркиш ба амал омада, садои тирпаронӣ ҳам ба гуш расидааст.
Шурӯъ аз моҳи марти соли 2011 дар Сурия миёни мухолифон ва ҷонибдорони президент Башор Асад низои мусаллаҳона ҷараён дорад. Тибқи омори СММ дар ин давом беш аз нӯҳ ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.
Бархӯрдҳои мусаллаҳона дар Сурия новобаста аз эълони оташбас дар миёнаҳои моҳи апрел идома дорад. Ҳеч тарафи даргир онро риоя намекунад. СММ ба Сурия 30 нозири хориҷиро фиристодааст. Қарор аст, ояндаи наздик теъдоди ин нозирон ба 300 бирасад.
Мӯҳр