Агентии Тоҷикстандарт ва корхонаи давлатии «Институти сохтмонии техникӣ ва ташхисии Прага» созишномаи ҳамкорӣ тасвиб карданд.
Аз агентии мазкур ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки мақсад аз имзои ин қарордод аз байн бурдани монеаҳои техникӣ дар бахши савдо бо роҳи ҷорӣ намудан ва сертификатсиякунонии системаҳои байналмилалии идоракунӣ мебошад. Гузашта аз ин, созишномаи мазкур дар баҳодиҳии мутобиқати маҳсулот ба талаботҳои стандартҳои аврупоӣ ва додани ҳуҷҷатҳои тамғаи «СЕ» ва инчунин дар омода кардани аудиторияҳои баландихтисос мусоидат хоҳад кард. «Институти сохтмонии техникӣ ва ташхисии Прага» мақомоти интихобшуда оид ба сертификатсияи Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи маҳсулоти кимиёвӣ ва масолеҳи сохтмонӣ аст. Амалӣ намудани созишнома дар омодагии Тоҷикистон ба аъзошавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мусоидат мекунад»,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр