Дар Афғонистон се сарбози нерӯҳои байналмилалии мусоидат ба амният кушта шуд.
Ба иттилои расида, хидматчиёни ҳарбӣ дар пайи инфиҷори мин ба ҳалокат расидаанд. Намояндагии нерӯҳои байналмилалии мусоидат ба амнияти Афғонистон гуфтааст, ки дар иртибот бо сиёсати НАТО наметавонад маълумоти бештареро дар мавриди сарбозони кушташуда ироа кунад. Аммо як афсари амрикоӣ бидуни бурдани номаш иттилоъ додааст, ки мақтулон шаҳрвандони ИМА ҳастанд.
Гуфтанист, рӯзи гузашта дар ҷануби Афғонистон ҳамчунин як сарбози дигари амрикоӣ кушта шуд. Ин хидматчии ҳарбиро марде дар либоси артиши миллии Афғонистон тирборон кардааст.
Мӯҳр