Расул Боқиев дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо дар шаҳри Тошканди Ӯзбакистон Чун Та Ҳёнги тайванӣва Ринат Иброҳимови қазоқистониро шикаст дода ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.
Дар нимфинал ӯ бо Ки Чун Ванг аз Кореяи Ҷанубӣ «даст ба гиребон» шуд, аммо бахт ба рӯяш нахандид. Акнун Расул Боқиев барои ҷои севум бо Озод Кубакаеви қирғиз ба майдон мебарояд.
Ёдовар мешавем, сабқати мазкур фардо низ идома меёбад. Дар маҷмуъ Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ҳафт варзишгар намояндагӣ доранд: Ҷамшед Халилов (60 кг), Сӯҳроб Раҳимов (66 кг), Расул Боқиев (73 кг), Фарҳод Раҳимов (81 кг), Парвиз Собиров (90 кг), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (100 кг) ва Абубакр Раҳмонов (+100 кг).
Ҷамшед Халилов дар даври аввал Даврон Маразикови қирғизро мағлуб кард, аммо дар даври дуюм бар Еркебулан Косаеви қазоқ натавонист дастболо шавад.
Сӯҳроб Раҳимов дар нахустин дидор аз Томофуми Таказои ҷопонӣ шикаст хӯрда, аз идомаи мубориза маҳрум шуд.
Мӯҳр