Кормандони ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир як сокини рустои Порвори ноҳияи Шуроободро боздошт карданд.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, дастгиршуда Амрохон Халифаев буда, 45 сол доштааст. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ 8 килою 600 грамм маводи нашъадори навъи афюн ёфт ва мусодира шудааст.
Феълан, Амрохон Халифаевро барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дар махкама нигоҳ медоранд.
Мӯҳр