29 дар сади русҳо интизор доранд, ки Владимир Путин, ки барои даври сеюм президенти Русия интихоб шуд, соли 2018 низ муддаии курсии раёсатҷумҳурӣ шуда, то соли 2024 кишварро идора хоҳад кард.
Дар ин бора «Комерсант» бо такя ба ҳамапурсии созмони сотсиологии «Левада-центр» иттилоъ додааст. Тибқи ин назарсанҷӣ ҳар даҳумин шаҳрванди Русия (11 фоиз) андеша дорад, ки Путин «чӣ қадаре, ки хоҳад» президентӣ мекунад. 38 фисади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки райисҷумҳури нав танҳо як даври дигар роҳбари кишвар хоҳад буд. Танҳо шаш фоизи мардум истеъфои Путинро давоми ду се соли наздик имконпазир медонанд.
50 дар сади одамони дар назарпурсӣ иштирок лошта гуфтаанд, ки пешбарии номзадии Владимир Путин ба даври сеюм ба конститутсия муғойир набуд. 31 фоиз андешаи баръакс дошта ва 19 фисади боқимонда дар ҷавоб ба ин савод душворӣ кашидаанд.
Владимир Путин аз соли 2000 то 2008 дар ду навбат президенти Русия буд. Чор соли ахир ӯ дар курсии сарвазир менишаст.
29 дар сади русҳо интизор доранд, ки Владимир Путин, ки барои даври сеюм президенти Русия интихоб шуд, соли 2018 низ муддаии курсии раёсатҷумҳурӣ шуда, то соли 2024 кишварро идора хоҳад кард. Дар ин бора «Комерсант» бо такя ба ҳамапурсии созмони сотсиологии «Левада-центр» иттилоъ додааст. Тибқи ин назарсанҷӣ ҳар даҳумин шаҳрванди Русия (11 фоиз) андеша дорад, ки Путин «чӣ қадаре, ки хоҳад» президентӣ мекунад. 38 фисади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки райисҷумҳури нав танҳо як даври дигар роҳбари кишвар хоҳад буд. Танҳо шаш фоизи мардум истеъфои Путинро давоми ду се соли наздик имконпазир медонанд.

Мӯҳр