Бахшҳо

Сайфулло Сафаров: Мансабдорон меоянду мераванд, вале манфиатҳои миллӣ боқӣ хоҳад монд

Ҳукумат ҳама вақт аз мардум аст ва мардум бояд ба ҳукумати хеш наздиктар гарданд ва бо ташаббусҳои хеш онро ҳарчи бештар мардумитар гардонанд.

Табиати ҳукумат чунин аст, ки агар чун президенти мо як шахсияти ҳақиқатан аз байни халқ баромада сарвари он набошад, худ аз худ аз мардум дур шуда мардумро зери фишор мегирад. Яъне, чун давлати халқии замони шуравӣ эҳтимоли аз халқ дур шудани фарз кардем ҳизби ҳоким ё ҳукумат аз воқеият дур нест. Барои ин бояд механизмҳое бошанд, ки пеши ин бегонашавиро бигиранд.
Хушбахтона президенти кишвари мо ин раванди манфиро доиммо ба таври муназзам кам карда ҳукуматро маҷбур менамояд, ки фақат дар хидмати мардум бошад. Аз ин сабаб хислати мардумӣ доштани худи президенти кишвар наздикии мардумро бо хукумат нигоҳ медорад. Худи мардум низ масъулияти давлатдорӣ ва ҳукуматдориро бояд дошта бошанд. Аз ҳукумат худро набояд дур гирифт, балки ба таври фаъол онро аз худ намудан даркор то моҳияти мардумии он равшантар зоҳир гардад. Мансабдорон меоянду мераванд, вале сохторе бо номи ҳукумат ҳама вақт чун муҳофизи манфиатҳои миллӣ боқӣ хоҳад монд.
Мардумӣ шудан ва будани ҳукумат аз ҳар яки мо вобаста аст, на аз худи ҳукумат. Мардум ҳар қадар аз ҷиҳати сиёсӣ фаъол бошад, созанда бошаду  фарҳанги сиёсии мардум ҳар қадар баланд бошад, ҳукумат ҳамон қадар самараноктар хидмати мардумро хоҳад кард. Яъне Ҳукумат моли мардум, давоми мардум аст ва онҳоро набояд ба ҳам муқобил гузошт. Дар ин кор як механизми назорати оппозитсия мебошад, ки вазифааш назорат кардан аз болои фаъолияти ҳукумат ва сохторҳои давлатӣ аст. Яъне, зарурати мавҷуд будани оппозитсияи сиёсиро низ набояд инкор кард. Танҳо бояд тавре кор кард, ки онҳо сухани танқидӣ наёфта аз ҳукумати худ ифтихор кунанд. Ин кор албатта осон нест. Вале чи бояд кард, ки талаботи шароити демократӣ аст.

 


Идомаи андешаҳои Сайфулло Сафаров, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистонро дар бахши Сӯҳбати рӯз бо нохун задан рӯи ин хат мутолиа намоед: https://www.ozodagon.com/sr/item/16374

Мӯҳр
Сайфулло, мард боши ба ин суол чавоб дех:
Вале чаро баъзе мансабдорон 20 сол боз дар кресла харпанча монда аз мансаб намераванд....?! Шумо медонед, ки гап дар бораи кихо меравад!....
Ва боз То кучо ин хукумати шумо мардуми аст, ки хар як 5-7 сол худ худашро интихоб мекунаду дар гами мардум аслан ки нест???!!! Чаро хешу табору ёру хамшахрихои шумо тамоми системаи давлатиро печонида гирфтаанду ба дигарон дар ягон чо чой нест? Ин аст хислати мардуми доштани ин хукумату давлати имруза?! Яъне мардуми будан маънои мансуб доштани хукумат ба мардуми як минтака ва як хонаводаро дорад?!

Гар мусулмаони хамин аст, ки Хофиз дорад,
Вой агар аз паси имруз бувад фардое!...

Хушбахтии шуморо хохонем!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)