Кормандони ҳифзи ҳуқуқ зимни амалиёти вижае ошкор кардаанд, ки дар шаҳри Ваҳдат бидуни асноди зарурӣ ва дар заминҳои фонди давлатӣ манзили зист бунёд шудааст.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, дар натиҷаи ин амалиёт Файзулло Сафолови 32 сола, сокини ноҳияи Ваҳдат, рустои Шӯҳратёр дастгир шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, номбурда аз маҳаллаи Т. Шарқӣ-4 худсарона бе ягон ҳуҷҷати расмӣ 70 садяк (сотих) китъаи замини фонди давлатиро ишғол намуда, бинои истиқоматӣ сохтааст.
Феълан нисбати Файзулло Сафолов парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр