Профессор Мусо Диноршоев, узви Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, ҷонибдори ба хатти форсӣ гузаштани забони тоҷикӣ аст.
Номбурда, ки дар маҳфиле бо рӯзноманигорони ҷавон сӯҳбат мекард, гуфт, тоҷикон дар гузашта шоирони соҳибдевони зиёде доштанд, ки имкони тамоми асарҳои онҳоро ба хати кириллӣ гардонидан мавҷуд нест. Гузашта аз ин, дар Тоҷикистон раванди тарҷума ва баргардонии асарҳои маъруфи замонавӣ чандон роиҷ нест, аммо охирин китобҳои маъруфи Ғарб дар Эрон дар камтарин фурсат бо хатти форсӣ баргардонида мешаванд.
Дар сурати ба хати форсӣ гузаштан, тоҷикон имкони ба осонӣ мутолиа кардани онҳоро хоҳанд дошт. Ба қавли Диноршоев хатти кириллии тоҷикӣ танҳо дар Тоҷикистон лозим мешавад. Яке аз далелҳои дигари зарурати ба хатти форсӣ гузаштани забони тоҷикиро номбурда ба вожаҳое рабт дод, ки дар форсӣ бо ҳарфҳои мухталиф навишта шуда маънии гуногун доранд, аммо дар хатти кириллӣ як хел навишта мешаванд. «Ҳамин аст, ки ҳангоми ба форсӣ баргардонидани шеърҳои шоирони мо, адабиётшиносони эрону афғон ба заъфи вазниву қофиявии онҳо ишора мекунанд»,-афзуд профессор.
Мӯҳр