Қазияи додгоҳии ҳафтаномаи «Фараж» аз рӯи шикояти Файзиддин Азизов аз болои Зевар Шарипова ва ҳамҷавобгар рӯзномаи «Фараж» аз сабаби наомадани даъвогар ба 30-уми апрели соли равон мавқуф гузошта шуд.
Имрӯз дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мурофиаи судӣ аз рӯи шикояти Файзиддин Азизов аз болои Зевар Шарипова ва ҳамҷавобгар рӯзномаи «Фараж» бе иштироки даъвогар оғоз гардид. Зимни баргузории мурофиаи судӣ Қутбиддин Ҳисайнов, раисикунандаи мурофиа қайд кард, ки аз сабаби наомадани даъвогар ва намояндаи ӯ мурофиаи суди ба 30-уми апрели соли равон гузошта мешавад.
Ҳачунин ӯ таъкид кард, ки, дар ин мудат суд як бори дигар даъвогаро ба мурофиа даъват мекунад, дар ҳолати такроран наомадани даъвогар суд қарори худро мебарорад.
Ёдовар мешавем, баҳси ҳафтаномаи мазкур сари масъалаи нашри мақолаи «Даҳшат дар суди Рӯдакӣ: «Мерседес» - 22 000 ҳазор доллар» (ҳафтаномаи «Фараж» аз 17-уми августи соли 2011) оғоз гардидааст.
Файзиддин Азизов сокини ноҳияи Рӯдакӣ, муовини раиси яке аз ҷамоатҳои ин ноҳия, ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мавриди ин ки гуё ҳафтаномаи «Фараж» - ба паст задани шаъну эътибор ва мартабаи кори ӯ гунаҳкор аст, аризаи даъвогӣ ирсол намудааст..
Дар ҳафтанома сухан дар бораи ҳодисаи садамаи нақлиётӣ ва аз бархӯрд бо автомашинаи дигар осеб дидани автомашинаи тамғаи «Мерседес»-и истеҳсоли соли 1990 меравад, ки таҳти идораи Ф.Азизов қарор дошт. Суди ноҳияи Рӯдакӣ аризаи шикоятии Ф.Азизовро баррасӣ карда, ронандаи автомашинаи дигарро барои расонидани зарар дар ҳаҷми 22 ҳазор доллари ИМА ҷарима бастааст.
Пас аз нашри ин матлаб баҳси судӣ шурӯъ шудааст ва то ҳол идома дорад.
Мӯҳр