Мутахассисони чинӣ баъд аз як боздид аз корхонаи «Тоҷиксемент» мехоҳанд ин корхонаро ба истифодаи ангишт гузаронананд.
Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноат ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд.
Ин масъала зимни мулоқоти Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноат бо ҳайати Вазорати илм ва техникаи Ҷумҳурии Мардумии Чин, ширкати «Beijing Jinchuang Combined Gas Meter Co Ltd»-и Чин бо сардории профессор Жэн Сянкун, баррасӣ гардид: «Баъди боздид аз ҶСК «Тоҷиксемент» омӯзиши хатҳои технологии он ва гирифтани ҳамаи маълумотҳои зарурӣ, мутахассисони чинӣ асосноккунии техникӣ-иқтисодиро доир ба масъалаи ба истифодаи ангишт гузаштани корхона таҳия ва пешниҳод хоҳанд намуд». Ин гурӯҳи мутахассиони Чин иборат аз 8 нафар олимону коршиносон бо даъвати Вазорати энергетика ва саноат ва бо мусоидати Вазорати корҳои хориҷии кишвар ташриф оварданд. Меморандум оид ба ҳамкориҳо миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ширкати « Beijing Jinchuang Combined Gas Meter Co.,Ltd»-и чинӣ дар соҳаи истифодаи маҷмӯавии ангишт ва ҳамкориҳо дар соҳаи нафту газ ва протоколи ҳамкорӣ байни ҶСК «Тоҷиксемент» ва ширкати мазкур ба имзо расид, афзуд манбаъ.
Мӯҳр