Генерал Назаров афзуд, тайи 12 соли фаъолияти худ агентӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 11 тоннаву 186 кило маводи мухаддир мусодира намуд, ки 8 тоннаву 108 килои онро мухаддироти гурӯҳи афюн ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 4 тоннаву 398 кило героин мебошад. Маълум гардид, ки таъсиси идораи махсусгардонидашудаи ваколатдор, ки дар назди он вазифаҳои татбиқи сиёсати давлатӣ, ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муомилоти қонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, муқобилият ба муомилоти ғайриқонунии онҳо ва пешгирии нашъамандӣ гузошта шудааст, саривақтӣ ва бағоят муҳим буд.
Ёдрас менамоем, 27 апрели соли 1999 дар пойтахти Австрия шаҳри Вена миёни Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ санади ташкилёбии агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ба имзо расид. 1 июни соли 1999 бо фармони президенти ҷумҳурии Тоҷикистон агентии назорати маводи нашъаовар таъсис гардид.{jathumbnail off} Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |