Корхонаи нави истеҳсоли хишт «Гулдаст» бо иқтидори солонаи 3 миллион дона хишт дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ба фаъолият шурӯъ намуд.
Аз Вазорати энергетика ва саноат ба Озодагон иттилоъ доданд, ки ин корхона бо ташаббуси соҳибкор Холназар Чориев сохта шуда, дар як шабонарӯз 15 ҳазор дона хишт истеҳсол мекунад: «Дар корхона 25 нафар бо ҷойи кор таъмин гардида, дар назар дошта шудааст, ки дар моҳи май шумораи коргарон ба 50 нафар расонида шавад».
Мӯҳр