Тавре Ориф Нозимов, раҳбари маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании кишвар ба хабаргузории озодагон иттилоъ дод, дар натиҷаи боридани борони пай дар пай ва жолаи пуршиддати рӯзи гузашта, тахминан соати 14:30 дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳраки Ҳаёти нав, ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон ҳангоми омадани сел, 25 гектар заминҳои кишти пахта зери обу лойқа мондааст.
Ҳамчунин 20 сар чорвои калон ва 25 сар моли майда талаф ёфтааст. Инчунин роҳи оҳани Ёвон-Қурғонтеппа қисман зарар дидааст.
Сарчашмаи хабар афзуд, ки феълан комиссияии ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия ва хадамоти мудофиаи гражданиии ноҳия барои бартараф кардани оқибатҳои ҳодисаи баамаломада даст ба коранд.
Мӯҳр