Дирӯз, 24 апрел дар толори дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон бо ширкати роҳбарони сохторҳои дастгоҳи марказӣ, маҳаллӣ ҷаласаи машваратӣ сурат гирифт.
Тавре, аз маркази матбуот ва иттилооти ниҳоди мазкур ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, зимни баргузории ҷаласа масъулини соҳаи варзиш, мураббиён ва роҳбарони федератсияҳои варзишӣ вазифадор гардиданд, ки барои оммавӣ гардидани варзиш, ва солимии ҷомеъа чораҳои зарурӣ андешида, барои дарёфти чеҳраҳои варзишгар аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода баранд.
Ҳамчунин масъулини соҳаи туризим, ва роҳбарони ширкатҳои туристии кишвар вазифадор гардиданд, ки сатҳи хизматрасониро хуб ба роҳ монанда, туризими дохилии мамлакатро тақвият диҳанд ва хатсайрҳои туристии дохилиро ҳарчи зудтар ба роҳ монанд.
Мӯҳр