Ронандагон дар охири хатсайр гирдиҳам омада аз тағйиротҳо изҳори норозигӣ карданд.
Тибқи иттилои хабарнигори «Озодагон» субҳи имрӯз дар назди бозори «Деҳқон»-и маҳаллаи Гипрозем, ки охири хатсайри мусофиркашҳои рақами 19 маҳсуб мегардад, таҷаммӯи сарнишинони ин нақлиёт ба мушоҳида мерасид. Ронандаҳо аз сабаби тақсими як хатсайр ба ду қисм, огаҳӣ надоштан аз тақсимкунии чунин хатсайрҳо ва дар пайи ин ба миён омадани норозигии мусофирон шикоят доштанд. Онҳо зимни сӯҳбат иброз доштанд, ки беҳтар мебуд агар маршруткаҳо аз аввали хатсайр то охираш бо ҳамин нархи муайянкардаи ҳукумати пойтахт ҳаракат кунанд. Вақте ки аз мусофирон 80 дирам мегирему онҳоро дар нисфи роҳ мефарорем, эшон асабонӣ шуда муноқишаро оғоз мекунанд. Дар ҳамин ҳол, мусофирон низ мегӯянд, бигзор роҳкиро як сомону шаст дирам бошад, аммо чаро ин хатсайрро ба ду тақсим карда моро саргардон месозанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр