Робин ван Перси, ҳамлагари клуби футболи «Арсенал»-и Лондон тибқи натиҷаи Ассосиатсияи футболи ҳирфаии Англия (PFA) беҳтарин бозингари сол эътироф гардид.
Ван Персии 28 сола беҳтарин зарбазани чемпионати Англия дар мавсими 2011/12 мебошад. Ин бозингари ҳоландӣ дар 35 дидор 27 гол задааст.
Робин гуфтааст, бидуни кӯмаки бозингарони дигари клуб наметавонист чунин муваффақиятро соҳиб шавад.
Мавриди ёдоварист, Ҷоизаи беҳтарин бозингари сол дар Англия соли 1973 таъсис шуда, ҳамасола супурда мешавад. Ғолибро бо роҳи овоздиҳии футболбозон интихоб мекунанд. Ван Перси бори аввал ҷоизаи PFA-ро гирифт. Соли гузашта Гарет Бейл, нимҳимоятгари «Тоттенхэм» баррандаи ҷоизаи мазкур шуда буд.
Мӯҳр