Барномаи озуқа ва кишоварзии Созмони миллали муттаҳид мегӯяд, болоравии нархи озуқа дар солҳои 2010-2011 зиёда аз 70 миллион нафари дигарро дар саросари ҷаҳон ба вартаи қашшоқӣ мубтало кардааст.
Зимнан, намояндагони Барномаи озуқа ва кишоварзӣ аз ҳукуматҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ даъват кардаанд, ки дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ талоши бештар намоянд. Ба гуфтаи таҳлилгарони ин созмон, қимматшавии озуқа пеш аз ҳама ба қишри камбағал зарари зиёд мерасонад ва вазъи иҷтимоияшонро бадтар мегардонад. Гаронии озуқа табақаи камбизоатро водор мекунад, ки хароҷоташонро барои тандурустию маориф камтар кунанд ва маблағҳояшонро ба хариди озуқа равона намоянд.
Масъулини созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, дар Тоҷикистон ҳудуди 35 фоизи кӯдакони то 5 солаи дар соли 2011 фавтида, дар натиҷаи камғизоӣ ҳалок шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки Созмони олмонии кӯмак ба гуруснагон дар гузориши худ амнияти озуқавориро дар Тоҷикистон, миёни кишварҳои ИДМ осебпазиртарин арзёбӣ кардааст. Ба иттилои ин созмон 26 дар сади наврасони Тоҷикистон ба нимгушнагӣ муввоҷеҳанд. Тибқи иттилои созмон аз се ду ҳиссаи мардуми деҳоти Тоҷикистон рӯзе барои озуқа 2,15 доллари амрикоӣ сарф мекунанд, ки ҳатто аз нишондоди расмии сатҳи камбизоатӣ камтар аст.
Мӯҳр