Дар Тоҷикистон озодии деҳқон расман мавҷуд аст, вале амалан пурра иҷро намегардад.
Ин нуктаро Иви Лерман, олими донишгоҳи Байтулмуқаддас дар сӯҳбат ба хабарнигори Озодагон иброз дошт. Лерман аз натиҷаи омӯзишҳояш дар кишвари мо гуфт, дар Тоҷикистон бояд ҳар чи зудтар дахолати ниҳодҳои давлатӣ ба истифодаи замин, интихоби зироат барои кишт, кашидани нақшаи истеҳсоли ин ё он намуди зироат барҳам хӯрда, деҳқон дар истифодаи маҳсулоти гирифтааш комилан озод бошад. Вай дар ҷавоб ба изҳороти масъулини вазорати кишоварзӣ, ки таъкид мекунанд озодии деҳқон дар Тоҷикистон таъмин аст, далел меорад: «Моҳи апрели соли гузашта ба ноҳияҳои Шаҳритуз ва Қабодиён сафар доштам. Он ҷо бархе аз деҳқонҳо хостанд пахтаашонро ба ноҳияи дигар бурда бо нархи баландтар фурӯшанд, вале милисаҳо онҳоро намегузоштанд».
Дар робита ба дахолати ниҳодҳои давлатӣ ба кори хоҷагиҳои деҳқонӣ, тирамоҳи гузашта хабаргузориҳо иттилое пахш намуданд, ки тибқи он Толибҷон Давлатов, сокини ноҳияи Шаҳринав, дар паи фишорҳои масъулини ноҳия, ки оилаашро барои ҳар чи зудтар супоридани пахтаи хоҷагиашон маҷбур карда, таҳқир намудаанд, қасди худкушӣ кардааст.
Ин дар ҳолест, ки масъулини Тоҷикистон мегӯянд, деҳқон дар истифодаи зироаташ озод аст ва ниҳодҳои давлатӣ ҳуқуқи дахолат ба кори кишоварзонро надоранд.
Мӯҳр