Имрӯз, 20-уми апрел дар шаҳри Душанбе нахустин марҳилаи намоишгоҳи шашуми байналмилалии таълимии ширкати «Аҳмадсоз» ифтитоҳ шуд.
Дар ин чорабинӣ намояндаҳои 6 донишгоҳи хориҷӣ иштирок доштанд. Абдуразоқ Абдуллоев, директори ширкати мазкур ба Озодагон иттилоъ дод, ки дар рӯзи аввали баргузории намоишгоҳ ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик хеле фаъол буданд. Онҳо ба шароиту усули таълими донишгоҳҳои хориҷа таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамуданд. Номбурда иброз дошт, ки як тафовути намоишгоҳ аз дигар намоишгоҳҳо ҳамин аст, ки имрӯз барои донишҷӯёни лаёқатманди тоҷик кувотаҳои 50 ва 100% пешниҳод гардидааст: «Аз донишгоҳҳои хориҷа хусусан донишгоҳи Кипр квотаи 50% ва аз донишгоҳҳои худи мо 100% пешниҳод шуд, ки ҷавонони лаёқатманд дар асоси суволу ҷавоб имкони соҳиби чунин квотаҳо шуданро доранд». Дар намоишгоҳ донишгоҳҳои кишварҳои хориҷа, аз қабили Британияи Кабир, Хитой ва Туркия ширкат намуданд. Фардо, 21-уми апрел марҳила дувуми намоишогоҳ доир мешавад. Бино ба маълумоти директори ширкати Аҳмадсоз, силсиланамоишгоҳҳои навбатӣ 23-уми апрел дар шаҳри Турсунзода, 25-уми ҳамин моҳ дар шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳанд шуд. Масъулини ширкати муштарки Тоҷикистон-Малайзия «Аҳмадсоз» қайд намуданд, ки мақсад аз баргузории намоишгоҳҳои таълимӣ, имконияти беҳтар пайдо кардани ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар донишгоҳҳои пешрафта мебошад.
Мӯҳр