Бонки осиёии рушд (БОР) дар гузориши ҷаддиди худ, ки «Рушди Осиё дар соли 2012» уновн гирифтааст, коҳиши суръати тарққиёти Тоҷикистонро пешбинӣ мекунад.
Таҳлилгарони бонк пешгӯӣ мекунанд, ки афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон соли ҷорӣ нисбат ба гузашта 1,9 дар сад кам шуда, аз 7,4 фисад то 5,5 фоиз коҳиш меёбад. Сабаби асосии коҳиши рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ба эҳтимоли болоравии сатҳи таваррум, нархи сузишворӣ, ва маводи ғизоӣ рабт дода мешавад.
Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон аз соли 1998 фаъолият карда, то ҳол дар ҳаҷми 850 миллион доллари амрикоӣ қарз, грант ва кӯмаки техникӣ расондаст. БОР бештар ба энергетика, нақлиёт ва хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон афзалият медиҳад.
Мӯҳр