Сокини деҳаи Шоли ноҳияи Ҳисор Ашӯралӣ Салимов ҳангоми кишт миқдори зиёди сарватҳои бебаҳои таърихию фарҳангӣ, ашёи гуногуни фулузии рӯзгор пайдо кардааст.
Тавре аз Вазорати фарҳанг ба Озодагон хабар доданд, ин ашёи гуногуни фулузии рӯзгор аз қабили косаву табақҳои гуногунҳаҷм, офтобаҳо, лаълиҳо, чароғпоя, сандуқчаҳои ороишии занона, кӯзаҳои мису биринҷии мунаққаш ва катибадорро номбурда ба ҳокимияти давлатии маҳаллии ноҳияи Ҳисор супорид. Бозёфти мазкур дар даврони истиқлолият аввалин бозёфт дар чунин ҳаҷми калон ба ҳисоб меравад.
Бозёфтҳои нодир аз ҷониби мутахассисони шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Шералӣ Хоҷаев ва Дилафрӯз Назарова тадқиқу ташхис шуд. Онҳо муайян карданд, ки ин бозёфти нодиртарин дар даҳ соли охир буда, ба давраи асримиёнагӣ тааллуқ дорад. Ашёи бозёфтшуда дар шакли коллексия ҷой дошта, аҳамияти бузурги таърихию фарҳангиро доро мебошад.
Мӯҳр