Бар асари садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Қурғонтеппа як нафар ба ҳалокат расида, як каси дигар ҷароҳат бардошт.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, ронандаи сабукрави «Мерседес Бенс» Саидаҳмад Ҳалимови 40 сола, сокини шаҳри Қурғонтеппа, мутахассиси шӯъбаи «сертификати маҳсулотӣ»-и идораи «Тоҷикстандарт» дар вилояти Хатлон, ҳангоми ҳаракат аз ҷониби шаҳри Душанбе ба тарафи шаҳри Қурғонтеппа дар километри 39-уми деҳаи Фахробод, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ чаппа мешавад. Дар натиҷа худи ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Бино ба иттилои манбаъ, мусофири автомашинаи мазкур Қурбоналӣ Шодиеви 45 сола, сокини ноҳияи Бохтар, сармуҳосиби беморхонаи марказии шаҳри Қурғонтеппа бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон мунтақил мегардад.
Мӯҳр