Имтиёзҳои Русия, ки имкон дод, 170 ҳазор тонна бензин ва 132 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ба Тоҷикистон бе пардохти боҷи содиротӣ ворид гардад, нархро дар бозори маҳсулоти нафтии Тоҷикистон поён набурдаст.
Оид ба созиш бо Русия дар мавриди додани квота ба Тоҷикистон ҳанӯз миёнаҳои моҳи феврал масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон иттилоъ доданд. Бархе аз таҳлилгарони тоҷик дар паи ин имтиёз арзонишавии сӯзишвориро дар ҳаҷми ҳади ақал 1,5 сомонӣ пешгӯӣ карданд, зеро тибқи имтиёз ҳар тонна бензин аз пардохти беш аз 300 доллари амрикоӣ озод гардид. Дар ҳоли ҳозир арзоншавии бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон мушоҳида намешавад.
Дар бозори сузишвории пойтахт як литр бензин ҳудуди 6,5 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 6 сомонӣ нарх доранд, ки дар муқоиса бо нархҳои моҳи феврал бетағйир боқӣ мондаанд.
Мӯҳр