Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ, ки феълан дар толори бузурги Кохи Сомон ҷараён дорад гуфт, баъди 10-15 соли дигар норасоии оби ошомиданӣ дар ҷаҳон ба мушкили ҷиддӣ мубаддал мешавад.
Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон гуфт: «Дар баъзе давлатҳои арабӣ ва аврупоӣ нархи об аз арзиши бензину нафту газ дида қариб ду баробар гаронтар аст». Дар робита президент илова кард, ки соҳибкорон метавонад, бо давлатҳое, ки нархи об аз нархи нафту газу бензин гарон аст, аз Тоҷикистон, ки кишвари аз об бой асту чашмаҳои софу муссафо дорад, об интиқол диҳанд.
Мӯҳр