Рустамҷон Солиев, сафири Тоҷикистон дар Гертсогии Бузурги Люксембург бо Пиер Грамегна, президенти Палатаи савдои Люксембург мулоқот кард.
Аз Вазорати корҳои хориҷа ба Озодагон иттилоъ доданд, ки ҷонибҳо роҳҳои мушаххаси густариши равобит миёни ду кишварро дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ кардаанд. Зимни сӯҳбат Пиер Грамегна иброз доштааст, ки лоиҳаҳои сармоягузории аз ҷониби Тоҷикистон манзургардида дар марҳилаи оғози тадбиқи амалӣ қарор доранд. Манбаъ мегӯяд, ҷаноби Пиер таъкид намудааст, ки доираҳои молиявӣ ва соҳибкории Люксембург ба самтҳои коркарди маъдан, сохтмон ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мароқи хоса зоҳир менамояд: «Палатаи савдои Люксембург дар асоси маводҳои иттилоотии аз ҷониби сафорати Тоҷикистон пешниҳодгардида таҳлили дақиқи фазои сармоягузории ҷумҳуриро гузаронида, қарори тавсия додани рушди равобити дуҷонибаи иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо Тоҷикистонро ба тамоми ширкатҳо, доираҳои молиявӣ ва соҳибкории Люксембург қабул намуд»,-афзуд сарчашмаи хабар.
Мӯҳр