Ба иттилои манбаъ, акнун шаҳраки КИМ-и шаҳри Исфара номи Нурафшонро гирифтааст. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бошад, деҳоти Қистакӯз-Хистеварз, Қатаған-Зарзамин, Ӯткансой-Чашмасор шуданд. Шаҳри Табошар номи Истиқлолро гирифт. Дар ноҳияи Ғончӣ рустоҳои Қизилӣ ба Лолазор, Қийғир ба Шоҳин, Мӯрияк ба Офтобрӯ, деҳоти Ленинобод ба Чорбоғ, Коммунизм ба Зарҳалол иваз шуд. Дар шаҳри Истаравшан Фрунзеро Сабристон карданд. Дар ноҳияи Ашт деҳоти Ҷарбулоқро Ориён ва Қамишқӯрғонро Меҳробод ном гузоштанд. Дар шаҳри Конибодом рустоҳои Қайроғоч-Ободон, Каттақишлоқ-Хуррамобод, Янги Кӯчкакӣ-Сомониён номида шуд. Дар шаҳри Панҷакент деҳаҳои Ғарибак ба Озодагон, Каттақишлоқ ба Хуррамобод, Советобод ба Рукнобод, Зарангбош ба Зарфишон, дар ноҳияи Шаҳристон деҳаҳои Холдорқипчоқ ба Ободӣ, Қӯшқӯрғон ба Суғдиён, Янгиқурғон ба Навкент, Қарибчӣ ба Гулистон, Тавоқбулоқ ба Чашма, Куллиқӯтан ба Ҳисор, Бӯраген ба Фирдавсӣ, Ҷарқӯтан ба Турсунзода, Қаерма ба Ваҳдат, Ишқилӣ ба Бӯстон, Кенгкӯл ба Истиқлол ва Ӯроқлӣ ба Темурмалик тағйири ном карданд.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |