Имрӯз, 20-уми апрел Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар шаҳри Женеваи Швейсария бо Уилям Лейс Свинг, директори генералии Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) мулоқот мекунад.
Аз Хадамоти муҳоҷирати кишвар ба Озодагон иттилоъ доданд, ки зимни дидор ҷонибҳо масоили муҳоҷирати меҳнатӣ, ба танзим даровардани раванди муҳоҷират, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳоро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод. Мавриди зикр аст, Сафиалло Девонаев ҳамроҳ бо масъулини як қатор вазорату идораҳои дахлдори кишвар рӯзи 13-уми апрел барои иштирок дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи СММ оид ба «Ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо» ба Женева сафар намуд. «Давоми як ҳафта мешавад, ки ҳайати Тоҷикистон дар Женева масоили муҳоҷирони меҳнатиро бо ширкаткунандагони дигари ҳамоиш муҳокима мекунад».
Гуфтанист, дар мулоқотҳои чанд рӯзи пеш дар Женева ҷониби Тоҷикистон нахустин маротиба муҳоҷиратро падидаи манфӣ унвон намуда, иброз доштаанд, ки раванди муҳоҷират, хусусан барои зиндагии хонаводаҳо ва кӯдакону занон оқибатҳои нохуш дорад.
.
Мӯҳр