Масъулини Агентии Тоҷикстандарт дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ дар мағоза, бозор ва корхонаҳои истеҳсолӣ як миқдор маҳсулоти ғайристандартиро ошкор намуда, аз муомилот баровардаанд.
Аз агентии мазкур ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки маҳсулоти мӯҳлаташон гузашта, асосан аз нӯшобаҳои навъи «Сoca Cola» - 4600 литр, иловагиҳои ғизоӣ-зиёда аз 11 тонна, теъдоди зиёди маҳсулоти макаронӣ, маҳсулоти қаннодӣ, хӯришҳо иборат буданд. «Инчунин миқдори зиёди маҳсулоти тамоку, ки бархилофи талаботи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» ба муомилот бароварда шуда буданд, ошкор гардид»,-афзуд манбаъ. Дар маҷмӯъ аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз аз ҷониби масъулини Агентии Тоҷикстандарт дар 72 ҳолат 88 тонна маҳсулоти ғизоӣ, ки ҷавобгӯи талаботи стандартҳо набуданд, ошкор ва аз муомилот гирифта шудааст. Сарчашмаи хабар мегӯяд, дар самти назорати риояи талаботи қонунгузории соҳаи моликияти зеҳнӣ аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ ва ватанӣ доир ба ҳимояи нишони молӣ ва мавҷуд будани молҳои қалбакӣ дар бозори истеъмолии ҷумҳурӣ ба Агентии мазкур арзу шикоятҳо ворид шуданд: «Нисбати ҳамаи ин аризаҳо аз тарафи мутахассисон корҳои муайяне ба анҷом расонида шуд. Молҳои тақаллубӣ аз муомилот гирифта шуда, мутасаддиён ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд».
Мӯҳр