Пас аз муроҷиати расмии Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба унвони вазири умури дохилаи кишвар ҷиҳати баррасии мунсифонаи қазияи журналисти рӯзномаи «ИмрӯзNews» ҳуҷҷати Завќибеки Солеҳ баргардонданд.
Завќибеки Солеҳ дар ин бора ба Озодагон гуфт: «Баъди он, ки ман тариќи рӯзномаи ИмрӯзNews ба вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов мактуб навиштам. Ва ҳамчунин аз Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба унвонии вазири корҳои дохили мактуб ирсол шуд, маро ба вазорати корхои дохилӣ ду бор даъват намуданд. Чанд рӯз пештар ваќте даъватам намуданд аз нав нисбати ҳодисаи он рӯза, яъне дар мавриди чӣ гуна гирифтани ҳуҷҷатам аз ҷониби корманди онҳо, баёнот навиштам. Рӯзи гузашта, барои гирифтан ҳуҷҷатам даъватам намуданд. Ба ростӣ худам талаб намудам то маро бо он корманди милиса пеш аз гирифтани ҳуҷҷатам рӯ ба рӯ кунанд. То баъзе суханонро ба ӯ гӯям. Ваќте рӯзи гузашта мо рӯ ба рӯ суҳбат кардем, аз мо даъват шуд то «сулҳ» кунем. Ва мо мардонавор розӣ шудем, ки даст диҳем ва сулҳ кунем».
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 8-уми апрели соли равон, аснои баргузории ҷашни Наврӯз дар деҳаи Қалъаи нави шаҳри Роғун корманди ШКД-и ноҳияи мазкур Маликшо Мусоев санади рӯзноманигории Завқибек Солеҳовро бидуни ҳеч далели ғонунӣ гирифта буд.
Мӯҳр