Бар асари ҳодисаи шаби 16 ба 17-уми апрел дар минтақаи ҷануби шаҳри Маскав биное фурӯ рехт, ки дар натиҷа он 8 шаҳрванди тоҷик ҷароҳат бардошт ва як нафари фавтида шахсияташ то ҳол номаълум буд , муайян шуд.
Тавре ба Озодагон аз хадамоти матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, тибқи иттилои мақомоти тафтишотӣ нафари фавтида шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Панҷакент Тулқин Қушқоров 18 сола мебошад.
Бино ба иттилои манбаъ, ҷасади Тулқин, фардо тавассути ҳавопаймои хатсайри Москва – Хуҷанд ба Ватан фиристода мешавад.
Мӯҳр