Давоми 16 рӯзи даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ 40 дарсади нақша иҷро гардидааст. Ин дар ҳолест, ки то анҷоми мӯҳлати даъват беш аз як моҳи дигар боқӣ монд.
Фаридун Маҳмадалиев сардори дафтари матбуоти Вазорати дифоъ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, ки даъвати навбати ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва ба хона баргаштани сарбозоне, ки муҳлати муайяни хизмати ҳарбиро ба анҷом расонидаанд, дар ҳама шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҷараён дорад. Даъвати имсолаи ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ аз 1-уми апрел оғоз гардида то имрӯз 40 дарсади нақша иҷро гардидааст.
Мӯҳр