Кишоварзони ноҳияи Фархор дар майдони 352-гектор тарбузи зери плёнка корида, ният доранд имсол сокинони навоҳии минтақаро аз ин намуди полезӣ таъмин намоянд.
Гуфта мешавад, ҳамасола дар бозорҳои навоҳии минтақа аз тарбузи навоҳии Қумсангиру Шаҳритус, Носири Ҳисраву Қубодиёни вилояти Хатлон бештар истифода мебурданд. Ба андешаи Қурбонбой Каримов, раиси ноҳияи Фархор, таҷриба нишон дод, ки кишти ин намуди маҳсулоти полезиро дар ин ноҳия ҳам метавон ба роҳ монду ҳосили дилхоҳ ба даст овард. Иқлими гарми ноҳия барои парвариши тарбузу харбуза ва дигар маҳсулоти полезӣ мусоидати хуб мекунад. «Мақсад дорем бо дастгирии деҳқонон имсол бозорҳои навоҳии минтақаро бо тарбузи маҳаллӣ таъмин намоем. Деҳқонони фархорӣ дар майдони 75-гектор помидор ва 42-гектор бодиринг кишт карда, дар мавриди таъмини ин маҳсулот низ дар минтақа саҳм гузоштанианд», гуфт Каримов.
Мӯҳр