Рӯзи 17-уми апрел баъд аз зуҳр вохӯрии Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ бо Кеннет Гросс, сафири ИМА дар Тоҷикистон баргузор гашт.
Масъули маркази матбуотии ҲНИТ ба Хабаргузории Озодагон хабар дод, ки тарафҳо дар ин мулоқот масоили марбут ба фаъолияти ҲНИТ, вазъи кишвар ва минтақаро баррасӣ намуданд. Инчунин, вазъи озодиҳои динӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон, муносибатҳои ҳукумат бо ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҲНИТ дар ин чанд моҳи охир аз мавзӯъҳои асосии баррасишуда дар ин дидор буд.
Мӯҳр