Дар Русия телевизиони ҷамъиятии ҷадид рӯи кор хоҳад омад. Дар ин бора президенти Русия Дмитрий Медведев фармони махсусе имзо кард.
Бино ба навиштаи сайти президенти Русия сарвари кулл ва ҳамзамон сармуҳаррири ин телевизионро президенти Русия барои 4 сол таъин мекунад. Ҳамчунин райисҷумҳур ҳаққи аз кор озод намудани сарвари кулл ва сармуҳаррирро доштааст.
Ниҳоди болоии роҳбарияти ин телевизион Шӯрои назоратӣ, сарвари Шӯро, муовинони ӯ, ҳамчунин аъзои он аз сӯи Шӯро оид ба телевизиони ҷамъиятӣ таъин ва озод карда мешаванд.
Дар навбати худ Шӯро оид ба телевизиони ҷамъиятиро Палатаи ҷамъиятии Русия хостагирӣ ва рӯйхати онҳоро барои тасдиқ ба президент ирсол мекунанд.
Телевизиони мазкур соли 2013 ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард.
Мӯҳр