Аз сафорати Амрико дар Душанбе ба Озодагон гуфтанд, ки дар озмун беш аз 70 нафар зиёда аз 100 аксро пешниҳод кардаанд. Аъзои ҳакамон аз сафорати ИМА ва меҳмонхонаи «Серена» аз миёни иштирокчиён чор ғолибро интихоб карданд.
Ҷои дуюмро Файзиддин Ниёзов бо акси «Духтарони бомарифат-гарави ҷомеаи тараққиёфта», ҷои сеюмро Меҳрангез Баҳромӣ бо акси «Парвариши ишқ нисбати табиат аз хурдсолӣ» ва ҷои чорумро Вера Карнаухова бо акси «Давлати мо дар дасти мост» сазовор гаштанд.
Мукофоти асосӣ насиби Эркин Латипов барои акси «Такони якҷоя, мақсади ягона!» шуд. Эркин Латипов дар ин акс нерӯи духтарони футболбози тоҷикро инъикос намуда, имкониятҳои бузурги онҳоро бо мақсади саҳм гузоштан ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон ифода кардааст.
Эркин Латипов, ҳамчун ғолиби асосӣ сазовори хӯроки нисфирӯзӣ барои чор нафар дар меҳмонхонаи «Серена» гашта, акси ӯ дар маҷаллаи Сомон Эйр In Flight Magazine дар моҳҳои наздик чоп мешавад.
Аксҳои беҳтарини озмун дар тӯли ин ҳафта дар гӯшаи Амрико ба намоиш гузошта мешаванд. Макони нави Гӯшаи Амрикои Душанбе ошёнаи чоруми Китобхонаи миллӣ аст.
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |