Ҳукумати Австралия тасмим гирифт, хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистонро ҳамин сол оғоз намояд, то ин равандро дар миёнаҳои соли 2013 пурра ба итмом расонад.
Агар ин иқдом амалӣ шавад, нерӯҳои Австралия аз мӯҳлати қаблан муқарраршуда як сол пештар Афғонистонро тарк мекунанд. Ҷулия Гиллард, нахуствазири Австралия зимни ироаи ин хабар гуфт, ки нерӯҳои кишвараш рисолати худро дар музофоти Урузгони давлати исломӣ пурра анҷом додаанд ва нерӯҳои афғон имкони бар душ гирифтани масъулияти таъмини амниятро дар мӯҳлати муаяншуда доранд.
Дар ҳоли ҳозир 1550 низомии Австралия дар ҳайати нерӯҳои байналмилалии мусоидат ба амният дар Афғонистон ифои вазифа мекунанд.
Мӯҳр