Чор адад компютер аз гимназияи «Кӯлоб» ба яғмо рафтааст.
Бино ба иттилои ВКД дар мавриди ин ҳодиса аризаи директори гимназияи «Кӯлоб»-и назди филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ворид гардидаст. Гуфта мешавад, шаби 30-уми май шахсони номаълум қулфи дари даромадгоҳро шикаста, вориди синфхонаи компютерӣ шуда, 4 адад компютерҳои тамғаи «Бенк»-ро дузида, аз ҷои ҳодиса ғайб заданд. Маблағи умумии моли рабудашуда 8000 сомониро ташкил медиҳад.
Мӯҳр