Маврид ба ёдоварист, Струан Стивенсон ду рӯз боз дар Тоҷикистон қарор дорад ва бо мақомоти баландппояи кишвар мулоқотҳо анҷом додааст. Рӯзи гузашта ҷаноби Стивенсон бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон дидору гуфтугӯ дошт. Зимнан, дар ин нишаст масъалаи ҳамкориҳои миёни порлумонҳои Тоҷикистон ва Аврупо, ҳалли масоили марбут ба истифода аз оби нӯшиданӣ ва масоили энержии минтақа баррасӣ гардид. Шукурҷон Зуҳуров бо изҳори сипос барои ҳимояти тарҳи бунёди нерӯгоҳи “Роғун” таъкид кард, ки теъдоди афроде, ки ин тарҳро ҷонибдорӣ мекунанд, рӯз то рӯз афзоиш меёбад.Струан Стивенсон дар навбати худ иброз доштааст, ман мутмаинам, ки Тоҷикистон чун шарики Иттиҳодияи Аврупо бо таваҷҷӯҳ ба мавқеъи ҷуғрофиёӣ дар минтақа нақши калидиро адо мекунад.
Ногуфта намонад, ки ин вакили парлумони Аврупо аз ҷонибдорони сарсахти бунёди НБО-и Роғун маҳсуб гардида, тайи ду соли ахир борҳо назарашро дар ин маврид баён доштааст. Стивенсон дар мулоқоти дирӯзааш бо райиси Маҷлиси Намояндагон гуфтааст, ба назари ман вокуниши манфии Ӯзбакистон дар қиболи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” пеш аз вақт аст. Мақомоти ӯзбак бояд мунтазири анҷоми фаъолияти комиссиюни вижаи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ бошанд. Вале ман чун яке аз коршиносон ба ин боварам, ки тарҳи сохтмони нерӯгоҳ ҳеч хатареро барои минтақа эҷод намекунад.{jathumbnail off} Мӯҳр« Январ 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | ||
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 |