Аз Хадамоти матбуотии раиси вилоят ба Озодагон гуфтанд, ки тибқи қарори мазкур шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, иттилотию таҳлилӣ, кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раёсатҳои маориф, фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят якҷоя бо иттиҳодияҳои эҷодию ҷамъиятӣ доир ба раванди сулҳу ваҳдат дар кишвар корҳои оммавии тарғиботиро ба роҳ монда, бахшида ба ин санаи фархунда мулоқоту сӯҳбат, семинару конфронс ва мизҳои мудаввар баргузор мекунанд.
Ҳамчунин, роҳбарони корхона, муассиса ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва фаъолияти хоҷагидориашон вазифадор гаштаанд, ки ба тантанаҳои ҷашни 15 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамаҷониба омодагӣ гирифта, дар робита бо Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят чорабиниҳо доир намоянд.
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |