Кормандони ҳифзи ҳуқуқи пойтахт бо ҷурми қаллобӣ соҳибкори бозори «Корвон»-ро боздошт кардаанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии ВКД Нигина Разоқоваи 41 сола, сокини ноҳияи Фирдавсӣ, ки дар бозори «Корвон» савдо мекардааст бо ирсоли ариза ба ВКД шикоят кардааст, ки Мавлуда Ташибоеваи 44 сола, сокини кӯчаи Гипрозем, ки ҳамчунин дар «Корвон» соҳибкор аст, бо роҳи фиреб ба боварии ӯ даромада аз нуқтаи савдояш ба маблағи 17750 сомонӣ ҷавоҳироти тиллоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. Бар асоси аризаи Нигина Разоқова кормандони милиса Мавлуда Ташибоеваро дастгир кардаанд. Феълан, нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ оғоз кардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр