31-уми май дар саросари олам ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку» қайд мегарадад.Ин санадро Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар соли 1988 ба тасвиб расонида, аксари кишварҳои дунё онро эътироф кардаанд.
Дар ин рӯз дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тамокукашони ашаддӣ низ мекӯшанд, ки даст ба тамоку набаранд ва як рӯзи зиндагии худро бе тамоку пушти сар кунанд. Ин ниҳоди байнулмилалӣ мегӯяд, имсол аз бемориҳое, ки тамокукашӣ ба бор меорад, 5 миллион нафар ба ҳалокат хоҳанд расид ва агар тамоку дар садаи 20 зиёда аз 100 миллион нафарро кушта бошад, дар асри 21 он мумкин аст, 1 миллиард нафарро ба ҳалокат расонад. Гуфта мешавад, то ҳол 170 кишвари ҷаҳон ба ин Қатънома пайвастанд ва аксари онҳо дар роҳи маҳдуд кардани истеъмоли тамоку кӯшиш карда истодаанд.
Мӯҳр