Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе зане, ки дар меъдааш ҳероин дошт ба даст афтод.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовар зимни баргузории як амалиёти вижаи кормандони масъули ин агентӣ, сокини 24-солаи ноҳияи Рӯдакӣ боздошт гардид. Ин ҷавонзан бо ҳавопаймои хатсайри Душанбе-Санкт-Питербург омодаи парвоз буд. Кормандони агентӣ гумонбарро ҷиҳати эҳтиёт ба бемористони шаҳрии рақами 3 интиқол доданд ва бо роҳи табиӣ аз меъдаи ӯ 52 ғилофаки пур аз ҳероинро берун оварданд. Тибқи иттилои шӯъбаи ташхиси судии агентӣ вазни умумии ғилофакҳои мусодирашуда 500 граммро ташкил медод. Аз рӯи ҳодисаи мазкур шӯъбаи тафтишотии агентӣ мутобиқи моддаи 200, қисми 3 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш), 32 қ.3 (омодагӣ ба ҷиноят ва сӯиқасд ба ҷиноят) ва 289 (қочоқ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Ҳоло тафтишот мушаххас карданист, ки шарикони ин амали ҷиноӣ киҳоянд.
Мӯҳр