Қочоқи мухаддироти мансуб ба гурӯҳи афюн аз Афғонистон қатъ намешавад ва он амнияти кишварҳои узви СПАД-ро таҳдид мекунад.
Ин матлаб дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор дар муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори кишварҳои узви СПАД эълон шуд. Ҳамоиши мазкур дар шаҳри Остона, пайтахти Қазоқистон ҷараён гирифт. Тоҷикистонро дар ин ҷаласа Вайсиддин Азаматов, муовини аввали директори Агентии назорати маводи нашъадори Тоҷикистон (АНМН) намояндагӣ кард.
Тавре ба Озодагон аз АНМН хабар доданд, зимни ҷаласа ширкаткунандагон аз босуръат паҳн шудани маводи синтетикӣ ва доруҳои психотропӣ изҳори нигаронӣ карданд.
Ширкаткунандагони ҷаласа зикр намуданд, ки дар маҷмӯъ Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор дар муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири кишварҳои узви СПАД таҷрибаи ғании мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҳосил кардааст ва табодули ахбори фаврӣ яке аз самтҳои самарабахши ҳамкориҳост.
Бо назардошти таҳдидҳои амниятии интиқоли мухаддиротӣ дар ҷаласаи Шӯро ба зарурияти рушди минбаъдаи ҳамкориҳо миёни ҳамаи кишварҳои манфиатдор дар самти муқобилият бо таҳдиди маводи мухаддир таъкид шуд.
«Ҳамоҳангӣ миёни НАТО ва СПАД метавонад механизми муносиби тақсими вазифаҳо дар нобудсозии тавлиди мухаддирот дар Афғонистонро ба миён орад. Масалан, НАТО метавонад анборҳои захираи маводи нашъадор, кишти кӯкнор ва дигар зироатҳои нашъадорро дар Афғонистон аз байн барад ва кишварҳои узви СПАД аз ҳама воситаҳои мумкин истифода мебаранд, то садди роҳи қочоқи мухаддирот аз Афғонистон шаванд ва фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии мухаддиротиро қатъ намоянд»,-изҳор шуд дар ҷаласа.
Дар ҳамоиш ҳамчунин дар мавриди таъсиси гурӯҳи кории Шӯро оид ба ҳамкориҳои байниидоравӣ дар самти пешгирӣ, дар бораи соли 2012 ташкил намудани ҷамъоварии таълимӣ-методии қисми таъиноти махсуси Хадамоти давлатии Қирғизистон оид ба назорати маводи нашъовар, Хадамоти Федералии Русия оид ба назорати маводи мухаддир (ХФНМН), Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ва гузаронидани омӯзиш дар базаи ХФНМН-и Русия бо номи рамзии "Гром-2012" қарор қабул гардид.
Қарор аст, нимаи дуюми соли 2012 миёни Шӯрои Ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор дар муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири кишварҳои узви СПАД ва Шӯрои формондеҳони нерӯҳои марзбонии давлатҳои узви ИДМ имзои Ёддошти тафоҳум доир гардад.
Мӯҳр