Имрӯз, 12-уми апрел дар Душанбе лоиҳаи “Мусоидат ба рушди институтсионалии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон” ба тавсиб расид.
Аз ВКХ ба Озодагон хабар доданд, ки зери санади мазкур Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Александр Зуев, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон имзо гузоштаанд. Бино ба иттилои манбаъ, мақсади лоиҳаи мазкур мусоидат ба таҳкими зарфияти касбии кормандони дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва баланд бардоштани дониши онҳо оид ба ваколатҳои ниҳодҳои СММ ва масъалаҳои глобалӣ мебошад. Ҳуҷҷат ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳим, аз ҷумла барқарорсозии шарокат бо марказҳои миллӣ ва байналмилалии илмӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хизматрасонии илмӣ-тадқиқотӣ ба Вазорати корҳои хориҷӣ дар соҳаҳои мунтахабро дар бар мегирад.
Мӯҳр