Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо созмонҳои ҷамъиятӣ, диаспорҳо ва намояндагиҳои корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон мулоқот намуд.
Тавре аз хадамоти мазкур ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, зимни нишаст, масоили назорат аз рӯи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвар, мустакам намудани ҳамкориҳо бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, танзими равандҳои муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Мақсад аз баргузории ҳамоиш баррасӣ ва ҳал намудани мушкилоти ҷойдошта дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии қонунвайронкунии кишварҳои будубош ва инчунин кору фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон арзёбӣ гардид. Бино ба маълумоти Сафиалло Девонаев, Хадамоти муҳоҷират соли гузашта ба 4069 нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои фаъолияти меҳнатӣ дар кишвар иҷозатнома додааст. Номбурда мегӯяд, дар ин давра нисбати 274 муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ протоколи маъмурӣ тартиб намуда, 128 нафари онҳо бо сабаби вайрон кардани қойдаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, бо қарори суд аз қаламрави Тоҷикистон берун карда шудаанд.
Мӯҳр