Брэндон Риос, қаҳрамони собиқи ҷаҳон оид ба бокс (дар вазни то 61,2 кг) зимни ҷараёни нишасти хабарӣ ба ҳарифи ояндааш ҳамла бурд.
Нишасти хабарӣ ба муносибати рақобати навбатии ӯ бо Ричард Абрили кубагӣ созмон ёфта буд. Ба иттилои хабаргузориҳо Риос ғайримунтазира ба рақибаш ҳуҷум кардааст. Ин бори нахуст набуда, ки ду муштзан бо ҳамдигар вориди занозанӣ мешаванд. Моҳи март низ дар Майами Риос дар нишасти хабарие ҳузур дошт, ки ба муносибати дидор бо Юрайокрис Гамбоа доир шуд. Абрил низ ба ин нишасти хабарӣ омада ба муштзани амрикоӣ хитоб намуд, ки бояд бо ӯ ба ринг барояд на бо Гамбоа. Баъди ин ҳарфҳо қариб монда буд, ки нишасти хабарӣ ба майдони бокс табдил шавад. Ҳамин тариқ рақобати Риос ва Гамбоа, ки 14 апрел муайян шуда буд, бекор гардид ва Брэндон барои муштзанӣ бо Абрил мувофиқа кард. Ин дидор 14 апрел дар Лос-Анҷелес мегузарад.
Риоси 25 сола дар бокси касбӣ 30 маротиба ба ринг баромада, дар 29 ҳолат дастболо гаридааст. Як дидори дигар мусовӣ поён ёфт. Рақиби ӯ Абрил 29 сол дорад. Аз 20 дидор 17 тоашро ба нафъи худ анҷом додааст. Дар ҳисобаш ду бохт ва як мусовӣ ҳам дорад.
Муштзани амрикоӣ ва кубагӣ барои унвони қаҳрамонии ҷаҳон аз рӯи версияи WBA рақобат мекунанд.
Мӯҳр